Варзиш тв онлайн прямой эфир смотреть


ВАРЗИШ ТВ - Дастурамал оиди ворид намудани BISS-рамз ба ресиверҳои гуногун

Дастурамал оиди ворид намудани BISS-рамз ба ресиверҳои гуногун

16014 | 16.04.2017

Шабакаи «Варзиш» ба маълумоти Шумо мерасонад, ки аз санаи 1-уми апрел ба моҳвораи нав гузашт ва дар басомади дигар барномаҳояш бо рамзгузории нав (BISS) пахш мешаванд. Онҳое, ки дар дастрасии ин шабака мушкилӣ доранд, тибқи дастурамали зер метавонанд онро бартараф кунанд.

Дастурамал оиди ворид намудани BISS-рамз ба ресиверҳои гуногун

Мушахассоти техникӣ:

Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E) 11 785 МГс /H/ 27500NSS 12 (57.0°E) 11 566 /H/ 10750

CAID: 2600ServID: 000005Частота: 11785Тип: Key8

Ключи данные (BISS):12 рақама: 12 34 00 AB CD 0016 рақама: 12 34 00 00 AB CD 00 00

Superbox S2

Дар телевизори худ шабакаи "Варзиш"-ро пахш мекунем ва навиштаҷоти «Закодированно»-ро мебинем

Дар пулти худ ЯК маротиба тугмачаи «INFO» ва ДУ маротиба тугмачаи сурхро пахш бояд кард, ва ё МЕНЮ - Условный доступ - СА настройка - Редактировать ключи – BISS – Добавить ключ

Дар экранҳои худ тасвири зеринро мушоҳида мекунем

Баъдан, тағйирот ворид намуда, тугмачаи «OK» (Сохранить)-ро пахш кардан лозим меояд:

CAID: 2600

ServID: 000005

Частота: 11785

Тип: Key8

Ключи данные: 12 34 00 00 AB CD 00 00

Ҳамин тариқ шабакаи ТВ «Варзиш» ба мо дастрас мешавад.

Эзоҳ: Агар пас аз амалҳои дар боло зикр шуда, шабака боз ҳам дастрас набошад, басомади (частота) ТВ «Варзиш»-ро (11785 H 27500) аз менюи асосии ресивер, аз қисмати Настройки – Поиск каналов нест карда, дубора амали ҷустуҷӯро такрор мекунем.

Openbox S6 (Хитой)

Шабакаи "Варзиш"-ро монда, тугмачаи кабутро пахш карда, BISS-ро (12 34 00 00 AB CD 00 00) ворид менамоем:

Маълумоти иловагӣ оид ба ворид шудан ба менюи BISS-рамзгузорӣ дар ресиверҳои гуногун:

StarTrack HD SRT-3000 plus

Дар телевизори худ шабакаи "Варзиш"-ро монда, баъдан аз пулти худ 9339 рақамгирӣ намоед ва ё МЕНЮ - Условный доступ - СА настройка - Редактировать ключи – BISS – Добавить ключ

Star track SR-55x

Дар телевизори худ шабакаи "Варзиш"-ро монда 9339 ва ё 9766, 9776, 9976 рақамгирӣ менамоем. Баъдан, Key Edit – BISS. 

STARTRAK 550D,  globo7 

Дар дилхоҳ шабака 9339 ва ё 9976 рақамгирӣ намуда ба менюи BISS ворид мешавем. 

OPENBOX навъҳои 800 –х

МЕНЮ —1117 – BISS

OPENBOX S4, S6, Xcruiser HD Avant, HD Box (Открытый Linux)http://www.satavto.by/ustanovka_i_nastroyka_emulyatora_mcas_coconut_v_resivere_openbox_s6_pro_hd.htm... http://xn--90ahqkdddv.xn--p1ai/category/openbox-s6pro-plus/openbox-s6pro-plus-emu.html

Star Sat SR C10HD

Шабакаи "Варзиш"-ро монда, тугмачаи INFO, баъдан 1234 рақамгирӣ карда, бисс кодро ворид мекунем.

Skybox F4http://sat-media.net/forum/index.php?topic=28959.0

Эзоҳ: Агар пас аз амалҳои дар боло зикр шуда, шабака боз ҳам дастрас набошад, басомади (частота) ТВ «Варзиш»-ро (11785 H 27500) аз менюи асосии ресивер, аз қисмати Настройки – Поиск каналов нест карда, дубора амали ҷустуҷӯро такрор мекунем.

Маълумоти бештар - http://satsputnik.ru/vvod-bisc-biss-klyucha-v-raznyx-sputnikovyx-resiverax/Xcruiser

varzishtv.tj

ВАРЗИШ ТВ - ТВ "Варзиш"

ТВ "Варзиш" - Онлайн!

2231 | 28.08.2017

Телевизион дар замони муосир яке аз дастрастарин манбаи иттилоъ ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти рушди бесобиқаи фанновариҳои навин, яке аз сифатҳои асосии телевизион айни замон суръатнокии он маҳсуб мешавад.

Акнун дастрасӣ ба барнома ва гузоришҳои ТВ “Варзиш” дар дилхоҳ минтақаи Тоҷикистон бо истифода аз телефони мобилӣ ё смарт-дастгоҳҳои гуногун, ки ба Интернет пайваст шуда бошад,  имконпазир гашт. 

Беҳтарин бозиҳои чемпионатҳои муқтадири футболи дохиливу хориҷӣ  ба таври зинда (онлайн) танҳо дар сомонаи мо - http://varzishtv.tj/

Афзалият:

✓  Пахши 24-соата бо сифати HD;

✓  Дастгирии системаҳои оператсионии Android ва iOS;

✓  Имкони тамошо дар Компютер / Смарт Телевизор / Телефон ва Планшетҳо;

✓  Интерфейси муосири HTML5;

✓  Трафики дохилӣ - тамошо бе сарфаи трафики интернетӣ;

Донистан муҳим аст:

  • Пахши зиндаи ТВ «Варзиш» дар интернет танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон амал мекунад.
  • Суръати лозимаи интернет барои тамошо намудани ТВ «Варзиш» Онлайн – 2 Мбит/сония.
  • Сарфи трафик тариқи истифода аз интернетҳои шабакаҳои мобилӣ (2G, 3G, LTE, 4G) - 900 Мбайт/Соат.

  • Трафики дохилӣ - ин трафики Интернетпровайдерҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Babilon-T, TojNet, TTL, Eastera, Saturn Online, TTT, Tarena)  мутобиқ ба созишномаи пиринговӣ ҳисобида мешавад.

varzishtv.tj

ВАРЗИШ ТВ - Шоми футбол дар ТВ “Варзиш”

Шоми футбол дар ТВ “Варзиш”

1251 | 08.04.2017

Бозии ҳалкунандаи чемпионати Испания имрӯз дар варзишгоҳи “Сантияго Бернабеу” бо иштироки ду бошгоҳи Мадрид, ки бозии мазкурро дерби меноманд, баргузар мешавад. “Атлетико” агар дар ин дерби ғолиб ояд пас онҳо боз барои чемпион шудан ба худ боварӣ пайдо мекунанд ва дар сурати мағлубият талабгорони Ла Лига ду даста “Реал” ва “Барселона” мегарданд. Ҳар ду даста дар ҳолати хуб қарор дорад зеро онҳо дар 5 бозии охирашонро дар чемпионати Испания 5 ғалабаӣ ба даст овардаанд. Барои “Барселона” низ бозии мазкур хело муҳим аст, зеро каталониҳо аз мадридиҳо ду имтиёз каманду як вохӯрӣ зиёд гузаронидаанд. Дастпарварони Зинедин Зидан дар ду ҳафтаи пешомад бозиҳоеро анҷом медиҳанд, ки баробар ба финал мебошанд. Дар ҳафтаи оянда онҳо ду маротиба бо “Бавария” дар доираи Лигаи Чемпионҳои Аврупо ва бо “Атлетико”ва “Барселона” дар доираи чемпионати Испания андари майдони рақобат хоҳанд шуд. Ғалаба дар ин дидорҳо барои дастаи шоҳона чун боду ҳаво зарур аст. Бояд ёдовар шуд, ки ҳарифи “Реал”ва “Атлетико” “Барселона” дар даври мазкур дар сафар бо “Малага” майдондорӣ мекунад. Акнун дар бораи классикои Олмон ҳарф мезанем. Ҳафтае пеш дастаи “Бавария” ҳангомави аз дастаи “Хоффенхайм” шикасти дуюмашро дар чемпионати Олмон ба қайд гирифтанд. Бохти аввалини бавариягиҳо ҳанӯз дар моҳи ноябр аз рақиби сарсахташ дастаи “Боруссия” (Дортмунд) буд, ки дар ин дидор голи ягонаро Обамеянг ба самар расонид. Тибқи маълумотҳо ҳамлагари асосии дастаи “Боруссия” Ройс ба Мюнхен сафар нахоҳад кард. Сабабаш ҷароҳат мебошад. Аз тими “Бавария” Дуглас Коста ва Нойер ба тамринҳои асосии гурӯҳ баргаштанд ва дастаашонро шояд, ки дар бозии имрӯза бар муқобили “Боруссия” ёри расонад. Аммо ҳамлагари асосии даста Роберт Левандовский то ҳол маълумоте пайдо нашудааст, ки футболбози мазкур дастаашро дар ин бозӣ кумак мекунад. Дӯстони азиз шумо метавонед, ки имшаб бозиҳои беҳтарин байни дастаҳои “Реал” - “Атлетико” соати 19:15, байни дастаҳои “Бавария” – “Боруссия” (Дортмунд) соати 21:25 ва бозии дигар байни дастаҳои “Малага” ва “Барселона”-ро соати 23:40 мустақиман тариқи ТВ “Варзиш” тамошо намоед.

varzishtv.tj